ИМА фиристодаи аршади ин кишвар дар музокироти сулҳи Афғонистон бо Толибонро як рӯз баъди аз ҷониби президент Доналд Трамп бекор шудани гуфтугӯҳои пинҳонӣ бо Толибон бозхонд. Трамп ахиран гуфт, ки тасмими боздошта шудани музокираҳо бо сабаби даст аз ҳамлаҳо набардоштани ҷангиён гирифта шуд. Дар ҳамлаи ахири ин гурӯҳ дар Кобул 12 нафар, аз ҷумла як сарбози амрикоӣ кушта шуд.
Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар як суханронии телевизиониаш рӯзи 8 сентябр эълон кард, ки фиристодаи амрикоӣ Залмай Халилзода бозхонд шуда, музокираҳо бо гурӯҳи шӯришӣ феълан қатъ мешавад. Помпео гуфт, ки Толибон бо ҳамлаҳои ахирашон “аз ҳад гузаштанд” ва қарори Трамп ҳам бо ҳамин сабаб содир шудааст. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҷангиён рафтори худро дигар накунанд, музокираҳо аз сар гирифта намешаванд. Помпео дар сӯҳбат бо телевизиони Fox News гуфт, ки “Толибон нишон медиҳанд, ки ҳеҷ хоҳиш ваё тавони кам кардани хушунатҳоро надоранд”. Рӯзи 7 сентябр дар як силсила паёмҳои твиттериаш Трамп навишт, ки дар остонаи маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии соли 2001, ки аз ҷониби Ал-Қоида анҷом шуда буд, ният дорад бо ҳарду ҷониб дидору гуфтугӯ кунад. Он замон раҳбарони Ал-Қоидаро Толибон сарпаноҳ дода буданд.