Гуфтугӯи Путину Макрон дар бораи Украина ва Эрон

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо ҳамтои фаронсавиаш Эммануэл Макрон дар бораи муноқиша дар шарқи Украина ва созиши атомии Эрон гуфтугӯ кардааст. Вебсайти расмии ҳукумати Русия хабар дод, ки гуфтугӯ рӯзи 8-уми сентябр сурат гирифтааст.

Раҳбарони ду кишвар як рӯз пештар аз мулоқоти вазирони дифои Русия ва Фаронса дар Маскав табодули назар кардаанд. Ба навиштаи хабаргузории давлатии ТАСС, Сергей Шойгу ва Флоренс Парли рӯзи 9-уми сентябр дар бораи таҳаввулот дар Халиҷи Форс, аз ҷумла Эрон, вазъ дар Украина ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ гуфтугӯ мекунанд.

Вазири фаронсавӣ ба хабаргузории русӣ гуфтааст, ки гуфтугӯҳо дар бораи масоили зиёде “ошкоро” хоҳад буд. Ба қавли ӯ, "чолишҳои зиёди геостратегие ҳастанд, ки Фаронсаву Русия дар он манофеи муштарак доранд. Албатта дар баъзе аз масоил мо ихтилофоти назар дорем, вале ҳамин моро водор мекунад, ки муколамаро бештар кунем. Мо мехоҳем, муколамаи ошкору мубрам доштам бошед ва шартҳои худро пеш гузорем."

Айни замон қарор аст, Ян Ив Ле Драян, вазири умури хориҷии Фаронса бо ҳамтои русаш Сергей Лавров низ гуфтугӯ кунад. Ле Драян қабл аз сафараш ба Маскав ба телевизиони Фаронса гуфтаааст, ки ҳанӯз бисёр зуд аст, ки Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо ба зидди Русияро аз байн бардорад. Ин таҳримоти иқтисодӣ баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина ва ҳимояти Русия аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина ба зидди Маскав эъмол шуд.