Вокунишҳо ба мубодилаи зиндониён миёни Русия ва Украина

Раҳбарони шуморе аз кишварҳои ҷаҳон аз иқдоми Украина ва Русия барои табодули 70 зиндонӣ ва афроди боздоштшуда ситоиш карданд.

Аз миёни 35 зиндонии украинӣ, ки Русия рӯзи шанбе озод кард ва ба ватанашон фиристод, 24 дарёнавард низ ҳастанд. Русия онҳоро соли гузашта дар тангии Керч дар дарёи Азов боздошт карда буд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, аз 35 украинӣ дар фурудгоҳи Бориспол бо гармӣ пазироӣ кард. Вай гуфт, “дар қадами баъдӣ дар мавриди бозгардондани тамоми зиндониён иқдом хоҳем кард ва тибқи созишномаи Минск ба хуруҷи нерӯҳо дар ду минтақаи шарқи Украина дар ду марҳила идома медиҳем. Сипас оташбаси пурра ва поёни ҷанг.”

Филмсоз Олег Сентсов ҳам дар миёни украиниҳои озодшуда аст. Вай баъд аз ишғоли Қрим аз тарафи Русия ба иттиҳоми даст доштан дар фаъолияти террористӣ дастгир шуда буд. Сентсов рӯзи шанбе пас аз расидан ба фурудгоҳи Бориспол ба хабарнигорон гуфт, "умед дорам, тамоми зиндониёни украинӣ ба зудӣ озод шаванд, аммо бо вуҷуди раҳоии охирин зиндонӣ ҷанги мо поён нахоҳад ёфт. Пирӯзӣ ҳанӯз бисёр дур аст. Душман қавӣ асту даст намебардорад, аммо яқин ки пирӯзӣ аз они мо хоҳад буд."

35 зиндонии Русия ҳам дирӯз ба Маскав расиданд. Кирилл Вишинский, хабарнигори РИА Новости ва Владимир Семах, гумонбар ба сарнагунии ҳавопаймои Малайзия дар миёни онҳо ҳастанд. Дар ин ҳодиса дар соли 2014-ум 298 тан ҷон бохтанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мубодилаи зиндониён миёни Русияву Украинро “хабари хуб" дониста ва ба ҳар ду тараф муборакбод гуфтааст. Курт Волкер, намояндаи хоси Амрико барои Украина, изҳори умед кард, ки ин иқдом заминаро барои музокирот ба ҳадафи поён додани хушунат дар шарқи Украина фароҳам меорад.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, мубодилаи зиндониён миёни Русия ва Украинро “нишонаи умедворкунанда" хонд. Федерика Моғеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз ҳар ду тараф хост, ин иқдомро тақвият бахшанд.

Мақомоти Фаронса гуфтаанд, мубодилаи зиндониён нишон дод, ки эътимоди байни ду кишвар афзоиш ёфта ва ду тараф барои аз саргирии гуфтугӯ ирода доранд.

Аз моҳи апрели соли 2014 ба ин сӯ, ки ҷанг миёни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои ҳукуматии Украина дар шарқи ин кишвар идома дорад, беш аз 13 ҳазор нафар кушта шудаанд.