Қурбии расмии доллар дар Тоҷикистон пас аз ҷаҳиши якбора каме коҳиш ёфтааст. Бонки миллии Тоҷикистон санаи 6-уми сентябр қурби 1 доллари амрикоиро 9 сомониву 68 дирам таъйин кардааст. Аммо бо ин вуҷуд, Бонки миллӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ иҷозат додааст, ки долларро дар доираи 9 сомониву 65 дирам ва 9 сомониву 70 дирам хариду фурӯш кунанд. Чунин иқдоми Бонки миллӣ, ки ба ташкилотҳои моливӣ ҳақ додааст, ки дар доираи муайян мувофиқи салоҳдиди худ долларро хариду фурӯш кунанд, собиқа надошт.
Каме поён рафтани қурби доллар дар ҳолест, ки Бонки миллӣ рӯзи 20-уми август якбора қурби расмии долларо 27 дирам, яъне дар як шаб аз 9 сомониву 43 дирам то ба 9 сомониву 70 дирам боло бурд.