Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилоятҳои Туркманистон бензин вуҷуд надорад. Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, камбуди бензин гардиши мошинҳоро дар роҳҳо коҳиш додааст.
"А-92 ва А-95 умуман мавҷуд нест, дар бархе аз нуқтаҳои фурӯш танҳо бензини навъи А-80 пайдо кардан мумкин аст. Сӯзишвории дизелӣ ҳам ёфт намешавад. Камбуди сӯзишворӣ то он ҳад эҳсосшаванда аст, ки ҳатто роҳҳо аз мошин холӣ шудаанд", - гуфт хабарнигор.
Дар пасманзари камчинӣ ва фурӯши бензини бесифат бисёре аз ронандаҳо аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки барои бисёриҳо мошин ягона манбаи даромад аст.
"Бисёриҳо аз ҳисоби кирокашӣ зиндагӣ мекунанд. Барои онҳо мушкил шуд. Дар чунин ҳолат барои зинда мондан бархеҳо чизу чораашонро дар фурӯш гузоштаанд", - гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.
Дар Туркманистон сар аз моҳи феврали соли 2018 инҷониб мушкили дарёфти сӯзишворӣ идома дорад. Он замон сӯзишворӣ дар он кишвар якбора гарон шуда ва дар нуқтаҳои фурӯш навбатпоиҳои тӯлонӣ ташкил шуд. Бисёре аз ронандаҳо бензинро барои захира мехариданд.