Президент Ҳасани Рӯҳонӣ ҳушдор додааст, ки Эрон барои кам кардани ӯҳдадориҳои худ дар доираи созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ метавонад "қадами муҳимтарин"-ро бардорад.
Ӯ гуфтааст, Теҳрон ба Аврупо барои нигоҳ доштани ин созишнома боз ду моҳ вақт медиҳад, чун гумон аст, ки ҳарду ҷониб “имрӯз ё пагоҳ” ба шартномае даст ёбанд.
Ба гузориши расонаҳои эронӣ, Рӯҳонӣ рӯзи 4-уми сентябр дар ҷаласаи ҳукуматӣ иброз доштааст, ки Теҳрон "қадами сеюм"-ро барои кам кардани ӯҳдадориҳои ҳастаии худ дар ин созишнома ва ҳамин тавр тезондани фаъолиятҳои ҳастаии худ эълон хоҳад кард. Вай гуфт, қадами сеюм "давраи муҳимтарин" хоҳад буд ва "оқибатҳои ғайриоддӣ хоҳад дошт”.
Ин суханони Ҳасани Рӯҳонӣ дар пасманзари гуфтугӯҳои охир миёни Эрон, Фаронса ва Русия барои нигоҳ доштани созишномаи ҳастаии соли 2015-и Эрон бо кишварҳои ҷаҳонӣ садо медиҳад. Президенти Амрико Доналд Трамп соли гузашта аз ин созишнома даст кашида буд.
Рӯзи 3-юми сентябр хабаргузориҳо гузориш доданд, ки Фаронса омода аст, то охири сол ба Эрон 15 миллиард доллар қарз пешниҳод кунад, ки бо нафт кафолат дода мешавад. Ба ивази ин қарз Теҳрон бояд ба шартҳои созишномаи ҳастаӣ пойбанд монад.
Аммо чунин менамояд, ин аҳднома ба ҳамкории Вашингтон вобаста аст, ки аз нав таҳримҳои якҷонибаро ба зидди Эрон ҷорӣ кард ва ба дигар кишварҳо фишор овард, то бо Эрон ҳамкории тиҷоратӣ накунанд.
Телевизиони давлатии Эрон Press TV бе номбар кардани сарчашмае гуфт, кишвар пешниҳоди 15 миллиард доллар қарзро рад кардааст.
Президент Трамп сиёсати "фишори ҳадди аксар"-ро ба роҳ мондааст, то мақомоти расмии Эронро ба гуфтушунидҳои нав дар бораи барномаҳои ҳастаӣ ва мушакиаш водор кунад.