Арманистон ба Шишкин мақоми паноҳандаи сиёсӣ додааст

Виталий Шишкин

Арманистон ба як фаъоли мухолифон дар Русия, ки қаблан барои "нақш" доштан дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ чаҳор сол зиндонӣ шуда буд, мақоми паноҳандаи сиёсӣ додааст.

Виталий Шишкин рӯзи 3-юми сентябр дар Ереван ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, ӯ моҳи январи имсол, пас аз чаҳор рӯзи озодӣ аз зиндон, ба Арманистон рафтааст.

Шишкин рӯзи дувуми сентябр дар Facebook ба мақомоти Арманистон изҳори сипос кард, ки ба ӯ паноҳгоҳи сиёсӣ доданд. Вай гуфтааст, дар Русия бо ангезаҳои сиёсӣ таҳти таъқиб аст.

Виталий Шишкин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вай бо ID-корт, ки ҳамчун шиносномаи дохилии Русия истифода мешавад, кишварро тарк кард. Ереван ба шаҳрвандони Русия иҷоза медиҳад, ки бо ин санад ба Арманистон раванд.

Шишкин гуфт, "баъд аз озодӣ аз зиндон шиноснома надоштам. Вақте барои гирифтани паспорт рафтам, баъзе аз дӯстон гуфтанд, ки дастур шудааст танҳо дар ҳузури афсари Хадамоти федеролии амният шиноснома бигирам. Бинобар ин, наметавонистам ба ҷуз аз Арманистон, ки як сол пеш шоҳиди иттифоқоти бузург буд, ба ҷойи дигар биравам. Инчунин, фикр мекардам, ки Арманистон дигар шудааст, на он кишвари пешина."

Додгоҳе дар Русия моҳи феврали соли 2015 Шишкини 47-соларо чаҳор сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯро ба барангехтани кинаву адоват ва даъват ба бетартибии оммавӣ гунаҳкор карданд.

Маркази "Мемориал" ин фаъоли мухолифонро зиндонии сиёсӣ номида буд.