Ҳушдори нуҳ сафири собиқи Амрико аз ҷанги дохилӣ дар Афғонистон

Нуҳ сафири собиқи Амрико ҳушдор додаанд, ки ихроҷи шитобкоронаи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон сабаби як ҷанги дохилии дигар дар ин кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон мешавад. Онҳо гуфтаанд, то замоне, ки "созиши воқеии сулҳ" бо Толибон дар Афғонистон ба даст наояд, Амрико набояд сарбозонашро аз онҷо берун кунад.

Дипломатҳои амрикоӣ гуфтаанд, ихроҷи неруҳо бояд баъди созиши воқеии сулҳ сурат бигирад, на инки пеш аз он. Дар баёнияи сафирони собиқи Амрико дар Кобул, ки муассисаи таҳқиқотии Шӯрои Атлантик дар Вашингтон рӯзи 3-юми сентябр нашр кард, омадааст, “ихроҷи неруҳо набояд шитобкорона бошад, то ба Толибон ин эҳсосро диҳад, ки пирӯзии низомӣ ба даст овардаанд.”

Амрико ҳоло дар Афғонистон бештар аз 8 ҳазор сарбоз дорад. Як рӯз пештар аз ин баёния, Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико, ки тақрибан як сол бо Толибон дар Қатар музокирот анҷом медод, гуфт, ду тараф "усулан" ба созиши сулҳ ва хотима додан ба ҷанги 18 сола дар Афғонистон мувофиқат кардаанд.

Айни замон дар бомбгузорӣ ва ҳамлаи ҷангҷӯёни Толибон дар Кобул дар рӯзи 2-юми сентябр 16 ғайринизомӣ кушта ва 110 тани дигар захмӣ шуданд.