Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтушунидҳои дуҷонибаро бо Иёлоти Муттаҳида рад кард, гарчанде ки бекор кардани таҳримҳои зидди он имкони гуфтушунидҳои бисёрҷонибаро, аз ҷумла бо онҳое, ки дар соли 2015 созишномаи ҳастаиро имзо кардаанд, фароҳам оварад.
Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин рӯзи 3-юми сентябр дар нишасти кушодаи порлумон гуфтааст, агар гуфтушунидҳои кунунӣ ҳосили дилхоҳ надиҳад, Эрон омодааст, “рӯзҳои наздик" ӯҳдадориҳои худро дар созишномаи 2015” коҳиш диҳад.
"Ҳеҷ гуна қарор дар бораи гуфтугӯҳо бо Амрико гирифта нашудааст ва барои музокирот пешниҳодҳои бисёре ҳастанд, аммо ҷавоби мо ҳамеша манфӣ хоҳад буд," – гуфт Рӯҳонӣ.
Вай афзуд, агар Иёлоти Муттаҳида таҳримҳоро бардорад, "ҳанӯз ҳам метавонад дар нишастҳои гуфтугӯии ба ном P5+1 миёни Теҳрон ва панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Миллали Муттаҳид ширкат кунад”.
Президенти Амрико Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки гуфтугӯҳо бо раҳбарони Эрон дар пасманзари маъракаи "фишори ҳадди аксар" ба Теҳрон баргузор шаванд.
Мақомоти Эрон борҳо гуфтаанд, ки пеш аз ҳама гуна гуфтушунидҳо таҳримҳо бояд бардошта шаванд. Рӯҳонӣ гуфтааст, кишварҳои Аврупо пас аз баромадани Иёлоти Муттаҳида аз созишнома ва дубора бор кардани таҳримҳои зараровар, ӯҳдадориҳои худро иҷро намекунанд.
Изҳороти Рӯҳонӣ пас аз он садо медиҳад, ки дипломатҳои эронӣ дар Фаронса баҳри наҷот додани созишнома лаҳзаҳои охири гуфтугӯҳоро мегузаронанд.