Покистон ба консули Ҳинд иҷоза дод, ки бо "ҷосус" мулоқот кунад

Кулбҳушан Ҷадҳав

Покистон ба собиқ афсари нирӯҳои дарёии Ҳинд, ки ҳодисаи дар ҷосусӣ маҳкум шуданаш боиси як моҷарои калони дипломатӣ миёни ду ҳамсояи ҳастаӣ гардид, иҷоза дод, ки бо консули кишвараш мулоқот кунад. Вазорати хориҷаи Покистон гуфт, рӯзи 2 сентябр ба як дипломати ҳиндӣ иҷоза дод, ки дар Исломобод бо Кулбҳушан Ҷадҳав дар зиндон мулоқот кунад. Амри ташкили чунин мулоқотро моҳи июл Додгоҳи адолати байналмилӣ содир кард.

Додгоҳи байналмилалӣ дар ҳукми худ гуфт, ки бар асоси Эъломияи Вена оид ба равобити консулӣ Покистон бо тасмимаш оиди роҳ надодани консули Ҳинд ба зиндон ваё ширкати дипломатҳо дар додгоҳ ҳуқуқи Ҷадҳавро нақз кардааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҳинд гуфт, ки “ба назар расид, ки Ҷадҳав зери фишори зиёд маҷбур буд, ки шарҳи дурӯғини иддаоҳои ғайривоқеии Покистонро тасдиқ кунад”.

мошини дипломати ҳиндӣ вазорати хориҷаи Покистонро тарк мекунад


Ҷадҳав соли 2016 дар минтақаи ҷанубуғарби Балуҷистон, ки давоми даҳсолаҳо макони низоъҳои тӯлонии байни ҷудоиталабон ва нирӯҳои амниятӣ мебошад, ҳабс шуд. Ӯро бо иттиҳоми банақшагирии ҷосусӣ ва харобкорӣ ба марг маҳкум карданд. Деҳлӣ иттиҳомоти зидди шаҳрванди Ҳиндро рад карда гуфт, ки Ҷадҳав дар нирӯҳои баҳрии Ҳинд хидмат намекард ва ҳеҷ гоҳ ҷосус ҳам набуд. Ҳафтаҳои охир шиддати муносибот миёни ду кишвар боло гирифтааст.