Анджей Дуда, президенти Лаҳистон амалиёти низомии Русияро ба унвони ба гуфтааш “тамоюлҳои империалистӣ” интиқод кард ва аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки чашми худро ба тағйироти хатҳои марз аз роҳи зӯр чашм напӯшанд.
Зимни суханронӣ дар маросими бахшида ба 80-солагии шурӯи ҷанги дуюми ҷаҳон, ки 1 сентябр дар Варшава баргузор шуд, Дуда гуфт: “Вақтҳои охир дар Аврупо мо шоҳиди бозгашти равандҳои империалистӣ, талошҳо барои тағйири марзҳо аз роҳи зӯр, таҷовуз алайҳи кишварҳои дигар, ғасби заминҳо ва боздошти инсонҳо мешавем”. Ҳарчанд Дуда аз Русия ном набурд, вале аз амалиёти низомии Маскав бар зидди “Гурҷистон дар соли 2008 ва тағйири марзҳои Украина дар соли 2014” ёдовар шуд. Дуда ҳушдор дод, ки “чашмпӯшӣ наметавонад барои ҳифзи сулҳ мусоидат кунад. Ин танҳо роҳи соддаи боз шудани роҳ барои ҳамлаҳои бештар мебошад”.