"Русия озод хоҳад шуд". Эътирози ҳазорҳо нафар дар Маскав

Ҳазорон нафар рӯзи 31-уми август дар маркази шаҳри Маскав, пойтахти Русия, роҳпаймоӣ карданд ва бо ин ҳушдорҳои мақомотро ба фаъолони мухолифон нодида гирифтанд.

Эътирозгарон чанд километр дуртар аз Кремл шиор доданд, ки "Русия озод хоҳад шуд!".

Любов Собол, яке аз чеҳраҳои мухолифон, "Озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ"-ро талаб кард.

Мухолифон аз он ки номзадҳои мустақил ва намояндагони оппозитсия барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси Маскав сабтином нашудаанд, эътироз доранд.

Мақомоти Русия гуфтанд, номзадҳои мухолифин натавонистаанд имзои кофӣ ҷамъ биоранд ва аз ин рӯ имкони сабтиноми онҳо вуҷуд надорад. Вале раҳбарони оппозитсия бовар доранд, ки Кремл мехоҳад номзадҳои тарафдори ҳукумат дар ин интихобот бе рақиб монанд ва роҳашон то Маҷлис ҳамвор шавад.

Маҷлиси шаҳри Маскав аз 45 ҷой иборат аст. Интихоботи навбатӣ рӯзи 8-уми сентябри имсол баргузор мешавад.

Аъзои маҷлиси шаҳриро барои панҷ сол интихоб мекунанд.