Украина: Музокираҳои табодули зиндониҳо бо Русия идома дорад

Декабри соли 2017 ҳам Русия ва Украина як барномаи табодули зиндониҳоро анҷом доданд

Украина гуфт, ки музокирот барои табодули зиндониҳо бо Русия ҳанӯз идома дорад, дар ҳоле, ки гузоришҳои қаблӣ дар бораи хотима ёфтани ин машваратҳо хабар доданд. Изҳороти фейсбукии рӯзи 30 августи сухангӯи президенти Украина Владимир Зеленский дар ҳоле нашр шуд, ки яке аз наздикони 24 маллоҳи ҳабсшудаи украинӣ ба дафтари Радиои Озодӣ барои Қрим гуфт, ки ҳамаи маллоҳон озод шуданд.

Қабл аз ин додситонии кулли Украина шарҳҳои як вакили парлумони ин кишварро бознашр кард, ки дар он омадааст: “Украина ва Русия барномаи табодули зиндониҳоро анҷом доданд ва дар миёни онҳо маллоҳони украинӣ ва режисссёр Олеҳ Сентсов ҳам мебошанд”.

Интизориҳо аз иҷро шудани барномаи табодули зиндониҳо дар ҳоле боло гирифт, ки рӯзи 29 август матбуоти русӣ хабар дод, ки Сентсов баъди панҷ соли нигаҳдорӣ дар зиндони минтақаи Ямало-Ненетск ба зиндони Бутирская дар Маскав интиқол ёфт. Нашрияи “Коммерсант” дар нақли қавл аз як мақоми украинии наздик ба Зеленский гуфт, ки табодули зиндониҳо дар охири моҳи август сурат мегирад ва дар миёни афроди озодшаванда 24 маллоҳи укаринӣ ҳам ном бурда мешаванд. Ин маллоҳон моҳи ноябри соли 2018 дар наздикии гарданаи Керч, наздик ба нимҷазираи аз ҷониби Русия ғасбшудаи Қрим боздошт ва зиндонӣ шуданд.

Киев мегӯяд, ки Русия дар зиндонҳои худ тахминан 150 шаҳрванди ин кишварро ба таври ғайриқонунӣ нигаҳ медорад. Мақомоти украинӣ ин оморро моҳи июл, замони омодагиҳо ба табодули зиндониҳо бо Русия дар музокираҳои ваколатдорони ҳуқуқи башари ду кишвар ба забон оварданд.

Феҳристи шаҳрвандони Русия, ки барои табодул пешниҳод мешаванд, ҳеҷ гоҳ расонаӣ нашудааст.

Гузоришҳо дар бораи ба Маскав интиқол ёфтани Сентсов дар ҳоле нашр шуданд, ки як рӯз пеш аз ин додгоҳе дар Украина амр дод, ки журналисти рус Кирил Вишинский ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шавад. Ба ӯ иҷоза доданд, ки пеш аз мурофиаи додгоҳӣ бар асоси иттиҳоми “хиёнат” дар озодӣ ба сар бубарад.