44 довталабро ба донишгоҳи тиббӣ роҳ надоданд. Чаро?

44 довталаби таҳсил ба донишгоҳҳои тиббии Тоҷикистон роҳ дода нашуданд ва аз ин ҳукм норозиянд. Вале мақомот бар инанд, ки радди онҳо тибқи муқаррароти қонунӣ сурат гирифтааст.

На ном ба ном, балки ба сурати умум гуфта мешавад, ин 44 довталаб, ки бо орзуи табиб шудан имтиҳон супурда, пирӯз омаданд, бино бар бемор буданашон аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳои тиббии кишвар маҳрум гаштанд. Аксари ин довталабон бинобар бемории далтонизм (рангкӯрӣ) натавонистанд вориди ин донишгоҳҳо шаванд.

Як комиссияи вижаи тиббӣ, ки дар назди ин донишгоҳҳо амал мекунад, пас аз ташхис дар бадани ин довталабон бемориҳое ошкор кардааст, ки мувофиқи феҳрасти тасдиқкардаи Ҳукумати Тоҷикистон, таҳсили онҳо дар донишгоҳҳои тиббӣ манъ шудааст.

Сентябри соли 2018 Ҳукумати Тоҷикистон қарори "Номгӯйи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд"-ро тасдиқ кард. Дар ин қарор номгӯи 50 навъи бемориҳо муайян шудаанд, ки шахсони ба он мубтало ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳои тиббиро надоранд.

Талаботи ин қарор бори нахуст дар мавсими қабули донишҷӯён имсол иҷро шуд ва боиси ноком гаштани довталабон шуд, ки орзуи духтур шудан ва "ба бар кардани хилъати сафед" доштанд.

Дар Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон рӯзи 28-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, аз миёни довталабоне, ки барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳҳи давлатии тиббии Хатлон имтиҳон супурда роҳхат гирифта буданд, бино ошкор шудани беморӣ дар баданашон 44 нафар ба ин донишгоҳҳо пазируфта нашуданд.

"Бинобар мактубҳое, ки марказ аз донишгоҳҳои тиббӣ дарёфт кард, 40 нафар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва 4 нафари дигар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бинобар ошкор шудани бемориашон пазируфта нашуданд",-гуфтанд дар Маркази милли тестӣ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, нокомии ин довталабон бо айби худи онҳо сурат гирифт, чун масъулони Маркази миллии тестӣ ҳанӯз ҳангоми қабули аризаи довталабон барои имтиҳон супоридан онҳоро огоҳ карда буданд, ки агар "ба яке аз бемориҳое, ки дар ин феҳраст зикр шудааст, мубтало ҳастед, ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳои тиббиро надоред".

Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, як идда довталабон ин меъёрро нодида гирифта, маҳз ба донишгоҳҳои тиббӣ имтиҳон супурда, ҳамакнун ноком шуданд. Маркази миллии тестӣ айни замон имкони ба дигар ихтисос ва равияҳои наздик ба тиббӣ шомил кардани довталабони нокомшударо баррасӣ дорад.

Яке аз духтуроне, ки дар дармонгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон вазъи сиҳатии довталабонро ташхис мекунад ва нахост номаш бурда шавад, гуфт, бештари довталабон бинобар бемории далтонизм – вайроншавии рангҳискунӣ, ба донишгоҳ роҳ наёфтанд.

"Дар миёни нафароне, ки мо ташхис кардем, 37 нафар беморони далтонизм ошкоршуданд ва онҳо мувофиқи қарор ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳои тиббиро надоранд",-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ташхисгарон мегӯянд, беморони рангкӯрӣ, ки онро шабкӯрӣ ҳам меноманд, имкони фарқ кардани рангҳои сабзу сурхро надоранд ва наметавонанд ҳамчун духтур фаъолият кунанд, чунки хунро бинобар сурхиаш метавонанд набинанд.

Аммо далтонизм танҳо беморие нест, ки ҳамакнун монеи таҳсил дар донишгоҳҳои тиббӣ мешавад. Балки бемориҳои рӯҳӣ, ҳамаи навъҳои зардпарвин (гепатит), нафастангӣ (астма), васвосӣ (шизофренияи шадид), кариву заиф будани қувваи босира, бемориҳои майна ва асабкарахтӣ ва мӯътодӣ аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои тиббӣ маҳрум шудаанд. Афроде, ки бемории сил ва ҳам СПИД доранд низ наметавонанд минбаъд дар Тоҷикистон духтур шаванд.

Абдулло Давлатов, пизишки собиқадори тоҷик, ки айни замон дар шаҳри Маскав фаъолият дорад мегӯяд, дар Русия низ гирифторони бемории руҳӣ ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳои тиббиро надоранд, чун онҳо метавонанд ба саломатии худ ва дигарон осеб расонанд.

"Аммо барои гирифторони бемории СПИД ва маъюбон монеае барои таҳсил вуҷуд надорад. Чун бемории СПИД гузаранда нест ва онҳо ҳаққи таҳсилро доранд ва аз ин ҳақ маҳрум сохтани онҳо як навъ табъиз ва ё дискриминатсия аст. Дар дорухонаи дармонгоҳе, ки ман кор мекунам, барои мисол, нафаре нафаре фаъолият дорад, ки бемори Бехтеревро дорад ва ҳама устухонҳои баданаш каҷ шудаанд. Аммо бо ин вуҷуд кор мекунад, ҳеҷ монеае нест. Ҳоло дар Маскав баръакс дар ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ кӯшиш мекунанд имконияти равуои маъюбонро фароҳам кунанд, ки онҳо худро узви қомилҳуқуқи ҷомеа эҳсос карда, баробари дигарон таҳсил кунанд".

Мутахассисони соҳаи тибро дар Тоҷикистон асосан дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯали ибни Сино, омода мекунанд. Соли 2016 бо як қарори ҳукумат дар шаҳри Данғара Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис ёфт, ки низ духтурони баландихтисосро омода мекунад.

Тарбияи мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва фармасевтӣ дар 4 коллеҷи тиббӣ ва 10 омӯзишгоҳи тиббӣ сурат мегирад. Дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ тақрибан 6000 нафар ва дар коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббӣ тақрибан 19000 нафар донишҷӯён таълим мегиранд.