Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 28-уми август камаш 14 полиси тарафдори ҳукуматро дар ғарби ин кишвар куштанд.
Абдулаҳад Вализода, сухангӯи полиси Ҳирот, гуфт, ҳодиса пас аз ҳамлаи нерӯҳои зиёди Толибон ба гузаргоҳи амниятӣ дар минтақаи Чордараи вилояти Ҳирот рух додааст.
"Дар рафти даргириҳо ҳадди ақал нӯҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуд ва пас аз пурзӯр шудани нерӯҳои афғон ҷангҷӯёни Толибон ақибнишинӣ карданд", -- гуфт Абдулаҳад Вализода.
Ӯ афзуд, шумораи ҷангҷӯёни кушташуда номуайян аст.
Гуфта мешавад, мақомоти амрикоӣ ва Толибон пас аз чанд моҳи гуфтушунидҳо ба созише наздик мешаванд, ки бар пояи он Иёлоти Муттаҳида ба ивази ваъдаи Толибон нирӯҳояшро аз Афғонистон мебарорад. Ваъдаи Толибон ин аст, ки ба гурӯҳҳои дигари ифротгарои исломӣ иҷозат намедиҳанд дар ин кишвар паноҳ баранд.
Дар хабари дигар гуфта мешавад, ки дар шарқи вилояти Нангарҳор рӯзи 27-уми август дар таркише як устоди донишгоҳ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд.
Толибон масъулияти ҳамлаи Ҳиротро ба дӯш гирифтанд, аммо ҳамлаи Нангарҳорро, ки ҳам Толибон ва ҳам бахши маҳаллии гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" фаъол ҳастанд, касе ба дӯш нагирифтааст.