Мақомот мағозаи соҳибкори "ҷабрдида"-ро таъмир карданд

Мақомоти ноҳияи Яккабоғи Узбекистон бинои дуошёнаи соҳибкор Баҳриддин Исомовро таъмир карданд, ки рӯзи 20 июли соли ҷорӣ ба сару рӯи муовини раиси ноҳия Мансур Туймаев бензин пошинда, оташ зада буд. Туймаев барои хароб кардани бинои соҳибкор омада буд.

"Дар рӯзи ҳодиса ҳамаи ашёи биноро ба кӯча бароварда буданд. Биноро ба тахриб омода карданд. Аммо рӯзи дигар, баъди ҳарфҳои президент, касе ба бино наздик нашуд. Баръакс, мақомот биноро дубора таъмир карданд. Инҷо мағоза ва сехи дузандагӣ фаъолият мекунад. Мақомот биноро ройгон таъмир карданд",-гуфт як сокини Яккабоғ.

Мақомот ҳам ин хабарро тасдиқ, аммо харҷи кардаашонро ошкор накарданд.

Соҳибкор Баҳриддин Исомов бо оташ задани муовини раиси ноҳия, талош дошт, амволашро аз тахриб ҳифз кунад. Соҳибкор гуфт, барои сохтани бино аз бонк қарз гирифта, ҳанӯз онро барнагардонидааст.

Мансур Туймаев, муовини раиси ноҳия дар бемористон бистарӣ ва соҳибкор боздошт шуд. Додситонӣ нисбати вай бо моддаи "Қасди куштори барқасдона" парванда боз кард.