Баррасии парвандаи Омурбек Текебоев 29 август оғоз мешавад

Баррасии парвандаи роҳбари зиндонии Ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоев ва сафири пешини Қирғизистон Дуйшенқул Чотонов 29 август дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек оғоз хоҳад шуд.

Дар ин бора вакили дифоъ Таалайгул Токтакунова хабар дод. "Мо дархост кардем, ки ҳукми онҳо ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шавад. Мурофиаро ба рӯзи 29 август гузоштанд",-афзуд ӯ. Дар Додгоҳи Якуми май низ тасдиқ карданд, ки баррасии парвандаи мазкур 29 августи соли равон оғоз хоҳад шуд.

Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 3 май парвандаи сиёсатмадорони зиндонӣ Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотоновро аз рӯи кодексҳои нав дубора баррасӣ карда, ҳукми 8 соли зиндони онҳоро бетағйир гузошта буд. Вале ҳукми мусодираи амволи онҳо тағйир дода шуда, дороиҳои мусодирашудае, ки ба парвандаи ҷиноӣ ҳеч рабте надоранд, ба сиёсатмадорон баргардонида мешавад.

Раиси Ҳизби "Ота Макон", вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев ва ҳамҳизби ӯ - сафири пешини ин кишвар дар Кореяи Ҷанубӣ Дуйшенқул Чотонов моҳи феврали соли 2017 боздошт шуданд.

Текебоев дар асоси баёноти шаҳрвандони Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский боздошт гашт, ки гуфтанд, ба ӯ барои кумак дар харидории саҳмияҳои ширкати қирғизии "Мегаком" 1 миллион доллар доданд. Вале худи Текебоев парвандаро сиёсӣ меномад.