Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон 22 август сокини маҳаллӣ Акмарал Алмагамбетоваро, ки аз Сурия ба ватан баргардонида шуда буд, бо ҷурми таблиғи терроризм ва ангехтани бадбинии миллӣ 5 сол зиндонӣ кард.
Алмагамбетоваи 32-сола дар доираи як амалиёти мақомоти махсуси Қазоқистон аз Сурия ба ватан баргардонида шуд ва ӯро ба ҷиноятҳое айбдор донистанд, ки соли 2014 анҷом додааст.
Ба гуфтаи муфаттишон, ин сокини Оқтеппа моҳи августи соли 2013 тариқи Қирғизистон ба Туркия парвоз карда, аз онҷо ба Сурия рафтааст. Фарзандонашро дар назди шавҳараш, ки аз ӯ ҷудо шуда буд, гузоштааст. Алмагамбетова чанд моҳ пас бо хонаводаи худ тамос гирифта, гуфтааст, дар маҳалли задухурдҳо қарор дорад. Ӯ гӯё он замон ба шавҳараш Мирболат Жаманкулов наворҳоеро фиристодааст, ки ақидаҳои гуруҳи террористии "Давлати исломӣ"-ро тарғиб мекунанд.
Алмагамбетова ҳамроҳи ду кӯдаки хурдсолаш, ки дар Сурия ба дунё омадаанд, ба Қазоқистон оварда шудааст. Ин кӯдакон ҳоло зери ҳимояти давлат қарор доранд.
Дар доираи амалиёти мақомоти Қазоқистон аз Ховари Миёна 516 шаҳрванди ин кишвар ба ватан оварда шуданд, ки 360 нафарашон кӯдаконанд.