Додситонии шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта таҳқиқи парвандаи чаҳор блогери тоҷикро, ки моҳи июли имсол дар бораи занони танфурӯш гузориш карда буданд, ба анҷом расондааст.
Мақомот онҳоро ба "ғайриқонунӣ ҷамъ овардан ва паҳн кардани маълумоти шахсӣ" муттаҳам медонанд. Ин иттиҳом аз 11 то 27 ҳазор сомонӣ ҷарима ё як сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ мекунад. Худи блогерон мегӯянд, ки ҳадафашон нишон додани мушкилоти иҷтимоӣ буд, на паҳн кардани иттилоти шахсӣ.
Бо ин вуҷуд, онҳо баъди бозпурсии аввал навори видеоро аз Ютуб ҳазф карданд.
Як мақоми Додситонии шаҳри Душанбе бе зикри номаш рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи блогерон барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст. Худи блогерон ҳам гуфтанд, ки аз онҳо хоста шудааст, барои иштирок дар додгоҳ омода шаванд.
Чаҳор блогер як моҳи пеш бо ҳадафи анҷоми як навори таҷрибавӣ занҳоеро, ки аз онҳо "фоҳиша" ном мебурданд, дар хиёбонҳои пойтахт савори мошин карда, дар бораи нарху хадамоташон пурсиданд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ парванда алайҳи блогерон бар асоси шикояти шаш қаҳрамони навори пахшшуда дар шабакаи Ютуб боз шудааст. Шахсияти ин занон ва ҳамин тавр назари онҳо дар бораи ин қазия барои мо дастрас нест. Мақомот шахсияти онҳоро ошкор намекунанд. Дар видеое, ки блогерон ҳам пахш карданд, чеҳраи онҳо пӯшида буд.
Рустам Ашӯров, яке аз блогерон, рӯзи 21-уми август гуфт, ҳеҷ гоҳ фикр намекарданд, ки кор то ба ин ҷо кашида мешавад. “Мо ба ҷуз аз матраҳ кардани мушкили ҷомеа ягон мақсади дигар надоштем”, -- афзуд ӯ.
Дар ин миён баъзе аз ҳуқуқшиносон гуфтанд, бархӯрд бо наворҳое, ки дар онҳо фаҳш дида мешавад, дар Тоҷикистон яксон нест. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, агар нисбат ба блогерон барои ин навор парванда боз шудааст, пас, масъулине, ки наворҳои бадахлоқонаро бо зикри ному насаби шахс дар телевизионҳои давлатӣ пахш мекарданд, низ бояд муҷозот шаванд.
Машғул шудан ба фаъолиятҳои блогерӣ солҳои ахир миёни ҷавонони тоҷик маҳбубият пайдо мекунад. Мавзӯи суҳбати блогерон бештар ба мушкилоти ҷавонон рабт мегирад.
Аммо пас аз қазияи чаҳор блогер бархе ба ин боваранд, ки ин гуруҳро дар иҷрои кори худ эҳтиёткор мекунад.