Мақомоти пулиси Ҳинд мегӯянд, ки нерӯҳои амниятии ин кишвар рӯзи 21-уми август дар як даргирӣ дар Кашмир ду ниманизомиро ба қатл расонданд. Ба гуфтаи мақомоти ҳиндӣ, дар ин даргирӣ, ки дар минтақаи Барамулла воқеъ дар Кашмири зери контроли он кишвар рух дод, як афсари пулис низ кушта шудааст.
"Ҳазорон нерӯи нав ба минтақа фиристода шуданд ва рӯзи 20-уми август қисмати қадимаи Барамулла тайи амалиёте аз сӯи нерӯҳои амниятӣ, бозҷӯӣ шуд",-гуфт як афсари пулис.
Покистон ҳамзамон гуфтааст, ки се ғайринизомии ин кишвар дар даргирӣ бо нерӯҳои ҳиндӣ дар минтақаи марзӣ бо Ҳинд, ки бо "Хати назоратӣ" ё Line of Control (LoC) шинохта мешавад, кушта шуданд.
Ба гузориши хабаргузориҳои ҳиндӣ, бар асари тирандозии нерӯҳои покистонӣ дар ин хатти марз дар рӯзи душанбеи 19-уми август, як сарбози Ҳинд ҷон бохта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти баландпояи пулис дар Кашмир, пас аз лағви ихтиёроти ин минтақа аз сӯи ҳукумати Ҳинд дар чанд рӯзи пеш, ҳадди ақал 2300 нафар дар Кашмир боздошт шуда ва дастрасии интернету иртиботи мобилӣ қатъ шудааст. Аксари онҳое, ки боздошт шудаанд, ҷавонон ва раҳбарони ҳаракатҳои зиддиҳиндӣ мебошанд.