Садама дар Бухоро. Нӯҳ муҳоҷири тоҷик маҷруҳ шуданд

Дар садамаи мусофирбаре дар ҳудуди вилояти Бухоро нӯҳ муҳоҷири тоҷик маҷруҳ шудаанд.

Ин мусофирбари хурди навъи «Мерседес» 18 нафарро аз Русия меовард. Садама рӯзи 19-уми август дар ҳудуди ноҳияи Ҷондори Узбекистон рух додааст.

Мақомот мегӯянд, чархи мусофирбар кафида, «мошин аз роҳ ба берун баромад».

Бино ба хабари расонаҳои Узбекистон, нӯҳ муҳоҷири тоҷикро бо захмҳои гуногун ба бемористон бурдаанд. Ба шаш нафари онҳо ҷавоб шудааст, се тани дигар дар шифохона ҳастанд.

Дар робита ба ин ҳодиса парванда боз гардидааст.

Дар оғози моҳи август низ як мусофирбари ҳомили муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Рязани Русия ба садама дучор шуд. Дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як духтари 14-сола ҷон бохта, ҳашт тани дигар (ду шаҳрванди Русия) захмӣ шуданд. Ин мусофирбар низ дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон буд.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Бархе барои муддати тӯлонӣ дар онҷо мемонанд, бархеи дигар дар се ё чаҳор моҳ дубора ба ватан бармегарданд. Онҳо мегӯянд, азбаски нархи билети ҳавопаймо гарон аст, бештар аз хадамоти мусофирбарҳо истифода мекунанд.