Мағозаҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон ба харидорон либоси мактабиро қарз пешниҳод мекунанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии он кишвар 15 август хабар доданд.
Тоҷирон дар даҳлези хонаҳо эълони бо қарз фурӯхтани либосҳои мактабиро насб мекунанд. Дар солҳои гузашта чунин иқдоме дар Туркманистон мушоҳида нашуда буд.
Ба навиштаи расонаҳо, тоҷирон маҷбуранд, молашонро ба ҳар шакли ки имкон дорад, ба фурӯш бароранд. Зеро, дар ин авохир қобилияти харидории сокинон кам шудааст.
Тоҷирон ба сокинон барои пардохти арзиши либоси мактабӣ то 3 моҳ муҳлат медиҳанд.
Либоси мактабӣ дар Туркманистон барои духтарон аз куртаи сабз, нимтанаи сафед ва тоқии анъанавӣ, барои писарон аз шиму костюми сиёҳ ва куртаи сафед иборат аст.