Боздошти як исроилитабори амрикоӣ дар Украина

Хадамоти Амниятии Украина гуфт, маъмурони амниятӣ як исроилитабори амрикоиро, ки ҳангоми истирдод ба Исроил гурехт, дигарбора дастгир кардаанд. Дар хабари расмии хадамот, ки рӯзи 18-уми август дар вебсайташ нашр шуд, омадааст, ки Амос Дов Силверро дар яке аз минтақаҳои Украина дастгир кардаанд.

Дар баёния омадааст, ки фарди муттаҳам ба раҳбарии як ҳалқаи интернетии фурӯшандаи маводи мухаддир “дар ояндаи наздик бар асоси қонунгузорӣ истирдод мешавад.” Се маъмури Хадамоти Амниятии Украинаро низ бо иттиҳоми кумак дар фирори Амос Дов Силвер аз фурудгоҳи Борисполи Киев дастгир кардаанд.

Ин ҷавонро моҳи март барои мудирияти як ҳалқаи интернетии фурӯши маводи мухаддир, ки аз Амрико то ба Украинаву Исроилу Олмон фаъолият мекард, дастгир карданд. Ӯ барои муомилаҳои пинҳонӣ аз Телеграм истифода мебурдааст. Пулиси Исроил мегӯяд, ки фоидаи ҳалқаи мазкур даҳҳо миллион долларо ташкил медодааст.