Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Чин дар пайи созиши тиҷоратӣ бо Вашингтон аст, “вале аввал бояд бо Ҳонгконг бархӯрди инсонӣ кунад”. Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 14-уми август дар “Твиттер” ишора кард.
Вай афзуд, ҳеч шак надорад, ки раиси ҷумҳури Чин хоҳони ҳар чӣ зудтар рафъ шудани мушкили Ҳонгконг аст ва метавонад ин корро кунад.
Пеш аз ин, Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор дода буд, ки ҳангоми сафар ба Ҳонгконг эҳтиёт кунанд.
Ин ҳушдор ба хотири нигарониҳои мавҷуд дар заминаи ҳаракати нерӯҳои Чин дар наздикии марз бо Ҳонгконг сурат гирифтааст. Даҳ ҳафта боз дар Ҳонгконг тазоҳуроти тарафдорони демократия идома дорад.
Эътирозҳо бар зиди тарҳи супурдани муттаҳамон ба Чин оғоз шуд. Мунтақидон мегӯянд, дар сурати супурдани ин афрод ба ихтиёри Чин, ҳуқуқи онҳо поймол мешавад ва бо хатар рӯбарӯ мегарданд.
Ҳонгконг қаблан зери итоати Бритониё буд ва дар соли 1997 дар ивази кафолати худмухторӣ ва ҳамаи озодиҳо дубора ба Чин супурда шуд.