Дар Туркманистон дарёфти шиносномаи биометрӣ мушкилтар шуда, садҳо нафар дар Шуъбаи муҳоҷирати шаҳри Дашоғуз барои дарёфти он навбат мепоянд.
Акнун раванди дарёфти ин навъи шиноснома дар Туркманистон беш аз 4 моҳ идома мекунад. Пештар он 45 рӯзро ташкил медод. Дар ин бора сомонаи turkmen.news хабар медиҳад.
Ба иттилои сомона, бештари сокинони маҳаллӣ ба далели вазъи бади иқтисодӣ ва набудани ҷои кор Туркманистонро тарк мекунанд. Дар ҳоли ҳозир шумори онҳое, ки барои дарёфти шиносномаи биометрӣ дар Дашоғуз муроҷиат кардаанд, ба 500 нафар мерасад.
Талошҳо барои дарёфти назари масъулони Шуъбаи муҳоҷирати Дашоғуз дар ин замина бенатиҷа буданд.
Шиносномаи хориҷӣ ё биометрӣ дар Туркманистон соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта, аз соли 2013 ба ин сӯ сокинон танҳо бо он метавонанд Туркманистонро тарк кунанд.