Дар Қирғизистон як маҳбус барои гирифтани қасоси ҳукми маҳрум шуданаш аз озодӣ ба намояндагони Ҳизби сотсиал-демократӣ, вакилони порлумон ва ниҳодҳои давлатии ин кишвар занг зада, худро корманди дастгоҳи президент муаррифӣ кардааст.
Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, маҳбуси 32-сола Темир Калмирзоев, ки пештар барои қаллобӣ зиндонӣ шудааст, бо телефони ҳамутоқи худ Талгат Игисинов ба вакили порлумони ин кишвар аз ҲСДҚ Асел Кодуранова занг зада, ваъда додааст, ки мулоқот бо президенти пешини боздоштшуда Алмосбек Отамбоевро ташкил хоҳад кард. Ӯ худро мансабдори давлатӣ муаррифӣ карда, дар бораи ҳаводиси 7-8 август аз мушовири Отамбоев Кундуз Жолдубоева маълумот гирифтааст.
Маҳбус ҳамчунин ба вакили пешини порлумон Г. Молдобекова, муовини вазири нақлиёт, як масъули шаҳрдории Бишкек, Вазорати иқтисод ва ниҳодҳои дигарӣ давлатӣ занг зада, дар бораи фаъолияти онҳо маълумот дарёфт кардааст",-афзуд вазорат.
Ҳар дуи маҳбусон ба утоқи ҷаримавӣ интиқол ёфта, телефон ҳамчунин далели шайъӣ мусодира шудааст. Тафтишот идома дорад.
Ёдрас мешавем, Алмосбек Отамбоев бо гумони фасодкорӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дорад.