Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Абдил Сеғизбоев 13 август бояд барои бозпурсӣ ба Раёсати тафтишотии Вазорати умури дохилии ин кишвар ҳозир шавад. Дар ин бора наздикони Сеғизбоев хабар доданд.
Пештар расонаҳо хабар доданд, ки Сеғизбоев дар робита ба ҳаводиси деҳаи Кой-Тош ба ҳабс гирифта шудааст. Вале наздиконаш ин хабарро рад карда, гуфтанд, кормандони пулис ба хонаи раиси пешини Кумитаи амният даъватнома оварда буданд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ӯ ба ҳайси кӣ ва дар доираи кадом парванда бозпурсӣ мешавад.
Абдил Сағизбоев 7 август, дар рӯзи аввали амалиёти боздошти президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар Кой-Тош захмӣ шуда, ба беморхона интиқол ёфта буд.
Дар доираи парвандаи ҳаводиси Кой-Тош то ҳол сардори пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, аъзои Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алга Киличов, Кияз Смайлов ва Амантур Жамгирчиев то 8 октябр ба ҳабс гирифта шудаанд.
Онҳо дар гаравгонгирии сарбозони неруҳои махсусе айбдор мешаванд, ки 7 август барои боздошти Отамбоев ба деҳаи Кой-Тош рафта буданд. Зиддашон бо бандҳои "гаравгонгирӣ" ва "ташкили бертартибии оммавӣ" парванда боз шудааст.
Худи Отамбоев, ки бо қарори додгоҳ то 26 август ба ҳабс гирифта шудааст, дар фасодкорӣ айбдор мешавад.