Мақомоти Русия гуфтанд, талафот аз таркишу сӯхтори шубҳабарангез дар як воҳиди низомӣ дар вилояти Архангелск афзудааст. Ширкати давлатии “Росатом” рӯзи 10-уми август эълон кард, ки “Дар натиҷаи садама дар як муҳаррик бо сӯхти моеъ дар пойгоҳи озмоишӣ дар вилояти Архангелск, 5 корманди Росатом ҳалок шуда, 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Рӯзе пештар аз ҳалокати фақат 2 нафар гузориш доданд.
Вазорати дифои Русия гуфт, ки вақти озмоиши “системаи партобӣ” дар рӯзи 8-уми август муҳаррик оташ гирифтааст. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки фалокат дар наздикии шаҳраки Нёнокса, маҳалли озмоишгоҳи мушакҳои баллистикӣ барои киштиҳои зериобии атомӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба гуфтаи вазорати дифо, дар натиҷаи таркиш “ҳеҷ гуна моддаҳои кимиёӣ ба ҳаво хориҷ нашудааст” ва меъёри радиатсия ва ё ташшашӯъ муқаррарӣ аст. Аммо дар шаҳри Северодинск 30 километр дуртар аз маҳалли сӯхтор ва таркиш “афзоиши якбора ва кӯтоҳ”-и радиатсия мушоҳида шудааст. Айни замон ба гуфтаи мақомот, мизони ташашӯъ ба ҳолати муқаррарӣ баргаштааст.