Вазири пешини дифои Қазоқистонро аз сафи неруҳои мусаллаҳ ронданд

Сакен Жасузаков, вазири пешини мудофиаи Қазоқистон аз сафи неруҳои мусаллаҳ ронда шуд. Фармони ронда шудани вай рӯзи 7-уми август дар сомонаи президенти он кишвар нашр гардид.

Дар фармон омадааст, ки вазири пешин дар робита ба таркиши анбори аслиҳа дар шаҳри Арис аз сафи неруҳои мусаллаҳ ронда шуд. Таркиш дар шаҳри Арис охири моҳи июн рух дод.

Сакен Жасузаков "барои хунукназарӣ дар иҷрои уҳдадориҳо ва камбудиҳои ҷиддӣ дар таъмини бехатарӣ ва ҳифзи таслиҳот, ки боиси таркиши анбори аслиҳа дар шаҳри Арис гардид", ронда шудааст.

Ҳамчунин ба чанд тан аз мақомдорони вазорати мудофиа дар робита ба ин ҳодиса танбеҳи ҷиддӣ эълом шудааст.

Рӯзи 15-уми июл нисбати вазири кунунии мудофиаи Қазоқистон Нурлан Ермекбоев низ танбеҳ эълом шуда буд. Таркиш дар анбори аслиҳаи шаҳри Арис рӯзи 24-уми июн рух дод. Сокинонро ба ҷои амн интиқол доданд.

Ба иттилои мақомот, 85 дарсади манзилҳои Арис тахриб ва бештар аз 20 хонаи дигар оташ гирифт. Дар пайи он ҳодиса чаҳор тан кушта шуд.

Давоми 10 соли охир бори чаҳорум аст, ки дар шаҳри Арис таркиши аслиҳа боиси марги инсонҳо мешавад. Бино бар арзёбиҳои мақомоти Қазоқистон, барои барқарории шаҳри Арис на камтар аз 20 миллиард танга сарф хоҳад шуд.