Додгоҳ нашрияи "Вечерний Бишкек"-ро ба молики пешинаш баргардонд

Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон дар бораи тақсими саҳмияҳои ширкати Нашриёти "Вечерний Бишкек" қарор қабул кард. Дар ин бора Сергей Воронтсов, вакили мудофеи Александр Ким, молики пешини нашрия хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҳамакнун соҳиби саҳмияҳои ширкати таблиғотии "Рубикон" ва нашрияи "Вечерний Бишкек" дубора Александр Ким таъйин шуд. "Чанд ҷузъиёти техникӣ боқӣ мондааст, вале додгоҳ бо қарори дирӯзиаш ҳамаро ба Ким баргардонд",-гуфт вакили мудофеъ.

Александр Ким, соҳиби пешини нашрияи "Вечерний Бишкек" моҳи феврали соли гузашта 6 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд. Ба ҷуз ин, додгоҳ ӯро вазифадор кард, ки ба соҳибмулки кунунии нашрия Александр Рябушкина бештар аз 390 ҳазор доллар ҷуброн пардозад.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Александр Ким дар бораи азхудсозӣ ва исрофкории "амволи дар ихтиёрбудааш" соли 2016 боз шуд. Аз рӯи ин парванда Александр Рябушкин дар ибтидо шоҳид, вале баъдтар ҷабрдида эълон шуд.