Айбдоркунандаи давлатӣ дар додгоҳи ноҳияи Алмолини шаҳри Алмато барои айбдоршавандаҳои парвандаи "таблиғи терроризм" ва "ангехтани бадбинӣ" муҳлати тӯлонии зиндон хост.
Аз нуҳ тани шомили парвандаи мазкур ба 4 тан айб эълом шуд. Инҳо Жулдизбек Таурбекови 40-сола аст, ки парвандааш ба далели беморӣ ба баррасии алоҳида гирифта шудааст. Се тани дигари айбдоршавандаҳо - Болатбек Нургалиеви 40-сола, Бекет Минбасови 36-сола ва Ернар Саматови 39-сола ҳастанд, ки додситонӣ барои онҳо 9-солӣ зиндон талаб кард. Барои панҷ тани дигари шомили парвандаи таблиғи терроризм додситон 7,5-солӣ зиндон талаб намуд.
Максат Даурбоев, муфаттиши парвандаи мазкур гуфт, гуноҳи айбдоршавандаҳо исбот шудааст. Муфаттиш гуфт, онҳо дар ҷараёни баррасии парванда талош карданд, ки бо рад кардани айбҳо худро бегуноҳ нишон диҳанд. Ба гуфтаи муфаттиш, айбдоршаванда Болатбек Нургалиев гуруҳи "таблиғи терроризм ва паҳнсозии салафия" таъсис дода, дигаронро ба гуруҳ ҷалб сохтааст.
Вале айбдоршавандаҳо гуфтанд, баракс, ақидаҳои зиддитеррористиро таблиғ мекарданд.
Дар доираи парвандаи мазкур 9 мард аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд. Баррасии парванда ибтидои моҳи марти соли ҷорӣ шуруъ шуд.