Габидулло Абдраҳимов, шаҳрдори Чимкент севумин шаҳри калонтарини Қазоқистон, шаби 30 июл аз мақом барканор шуд. Ерлан Айтаханов, ки то ин замон ҳокими ноҳияи Отирарск буд, шаҳдори нави Чимкент таъйин гардид. Абдраҳимови 44-сола аз соли 2015 ба ин тараф Чимкентро роҳбарӣ мекард.
Моҳи ҷорӣ ҳоким дар саҳифаи Инстаграм навореро нашр кард, ки дар меҳмонхонаи "Ритс"-и шаҳри Лондони Бритониё сабт шудааст. Дар навор Абдраҳимов худро "дӯстдори ватан" унвон мекунад ва мехоҳад, "ҳамаи кӯдакон, ҳамаи ҷавонон дар Қазоқистон меҳнати муваффақона анҷом диҳанд, комёб гарданд ва ҷаҳонро сайр кунанд".
Навор баҳсҳои гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.
Кримбек Кушербоев, роҳбари дастгоҳи президенти Қазоқистон рӯзи сешанбе эълом кард, ки Абдраҳимов аз мақом барканор шудааст. Вай гуфт, роҳбарон бояд "ходими мардум бошанд ва ахлоқи намунавӣ нишон диҳанд".
"Тавре роҳбари кишвар Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ҳоло муҳимтар аз ҳама чизи дигар - гӯфтугуи мардум бо мақомот аст. Мутаассифона, Абдраҳимов инро ба таври бояду шояд дарк накард", - гуфт Кушербоев.
Дар Чимкент бештар аз 1 млн одам зиндагӣ мекунад.