Додгоҳи Чуй ҳукми ҳабси якумрии Азимҷон Аскаровро тағйир надод

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон ҳукми ҳабси якумрии ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ Азимҷон Аскаровро бетағйир гузошт. Худи Аскаров дар мурофиа иштирок надошт. Вакили дифои ҳомии ҳуқуқи қирғиз Валерян Вахитов аз додгоҳ хоста буд, ки шахси зери ҳимояашро озод кунад. Вале айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, ҳукми зиндони Аскаров бозбинӣ нахоҳад шуд.

Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд. Додгоҳ 24-уми январи соли 2017 ҳукми зинаҳои поёниро бетағйир боқӣ гузошт.

Ҳашт созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Amnesty International, Human Rights Watch ва Civil Rights Defenders дар арафаи сафари Федерика Могеринӣ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ба Қирғизистон аз ӯ даъват карданд, ки аз мақомоти Бишкек озодии фаврии Азимҷон Аскаровро дархост кунад.

Могеринӣ баъди мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бишкек дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, "ҳамаи мавзӯъҳои марбут ба Аскаров дар ҳоли баррасӣ аст".