Қонунгузорҳои бонуфузи ИМА рӯзи душанбе аз президент Доналд Трамп даъват карданд, ки роҷеъ ба кушиши заҳролудсозии афсари пешини рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Бритониё бо маводи мамнуъ зидди Москва таҳрим эълом кунад.
Дар номаи раиси Кумитаи умури байналмилалии Палатаи намояндагони ИМА Эллиот Энгели демократ ва ҷумҳурихоҳ Майк Маккол ба унвони Трамп омадааст, ки тибқи Қонуни назорату маҳви силоҳи кимиёӣ ва биологӣ аз соли 1991 бастаи дувуми таҳримҳо се моҳ пас аз эъломи таҳримҳои аввал ҷорӣ карда хоҳанд шуд.
ИМА бори нахуст зидди Кремл барои кушиши заҳролудсозии Скрипалҳо моҳи августи соли 2018 таҳрим эълом карда буд. Дар доираи онҳо 60 дипломати рус аз ИМА ихроҷ ва консулгарии Русия дар Сан-Франсиско баста шуд. Русия бояд дар давоми 90 рӯз далелҳои даст надоштани худро дар ҳодисаи мазкур пешниҳод мекард. Дар сурати ғайр қонунҳои ИМА эъломи таҳримҳои сахттареро пешбинӣ мекунад, ки ба низоми молӣ, савдо ва робитаҳои дипломатӣ бо Русия дахл хоҳанд кард.
Сергей Скрипал ва духтараш Юлия моҳи марти соли 2018 заҳролуд шуда буданд. Ба иттилои мақомоти Бритониё, ду ҷосуси Русия бо ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ вориди Бритониё шуда, дар дастаи дари хонаи Скрипалҳо маводи заҳрогини "Новичок" молидаанд. Бритониё дар ин қазия Русияро айбдор кард ва ҳамроҳ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупову ИМА зидди Москва таҳрим эълом кард.