Бритониё барои киштии боздоштшуда бо Эрон "савдо" карданӣ нест

Бритониё идеяи табодули киштии эронӣ бо нафткашеро рад кард, ки дар Халиҷи Форс бо парчами ин кишвар аз сӯи Теҳрон боздошт шудааст.

"Ин хидмат бар ивази хидмат ё ҳеч гуна савдое нест. Сухан аз риояи ҳуқуқ ва меъёрҳои байналмилалӣ меравад ва мо ҳам ба он исор хоҳем кард", - гуфт вазири умури хориҷии Бритониё Доминик Рааб 29 июл дар суҳбат бо Би-би-сӣ. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки "агар Эрон мехоҳад аз ин торикӣ берун ояд ва ҳамчун узви масъули ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шавад", бояд усули байналхалқиро риоя кунад.

Мақомоти Бритониё 4 июли соли равон дар Гибралтар киштии эронии "Grace 1"-ро бо гумони нақзи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди Теҳрон боздошт карданд. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар посух киштии нафткаши Stena Impero-ро бо парчами Бритониё боздошт намуд. Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ гуфт, агар Бритониё "Grace 1"-ро озод кунад, онҳо низ нафткашро раҳо хоҳанд кард.

Теҳрон гуфт, Stena Impero "қоидаҳои обии байналмилалиро нақз мекунад". Вазири вақти умури хориҷии Бритониё Ҷеремӣ Ҳант амали Эронро "роҳзании давлатӣ" номид.