Баъди навори шиканҷа раиси зиндонро дар Қазоқистон барканор карданд

Сардори маҳбаси Заречнои вилояти Алматои Қазоқистон баъди шиканҷа шудани маҳбусон аз мақом барканор шуд.

"14 корманди маҳбасҳои вилояти Алмато муҷозот шуданд. Ҳафти тани онҳо барканор гардиданд. Сардори маҳбас ва ду муовини вай низ дар сафи барканоршудаҳо ҳастанд",-хабар дод Тенизҷон Ҷонибеков, як мақомдори вазорати корҳои дохилии Қазоқистон.

"Дар Ютуб даҳҳо наворе нашр шудааст, ки дар маҳбасҳо сабт шудаанд, наворҳо аз ҷумла ҳолатҳои ғайриқонуниро нишон медиҳанд. Дар ду навор ҳолати шиканҷа шудани маҳбусон аз сӯи кормандони маҳбас сабт шудааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуд",-гуфт вай.

Пештар аз ин дар Ютуб навори бо дурбини махфӣ сабтшуда нашр гардид. Дар навор дида мешавад, ки корманди маҳбас чи гуна як маҳбусро шиканҷа мекунад.