Ҳазорон сокини Хоразм бо бастани роҳ, ҷубронпулӣ талаб карданд

Шоми 26 июл ҳазорон сокини кӯчаи "Ишқобод"-и ноҳияи Урганҷи вилояти Хоразми Узбекистон бо бастани роҳи мошингарди Урганҷ-Ҳазорасп, талаб карданд, ки дар ивази тахриби хонаҳояшон ҷуброн пардохта шавад.

Яке аз шоҳидон нақл кард, 26 июл соҳиби 400 манзили тахрибшуда, ки дар хаймаҳои муваққат ҷойгир шудаанд, ба қабули раиси вилояти Хоразм рафтанд. Сокинон аз пардохт нашудани ҷубронпулӣ норозӣ буданд.

Аммо роҳбари вилоят гуфт, танҳо шом метавонад, онҳоро қабул кунад. Шом роҳбари вилоят ба хаймагоҳ ҳозир шуд, аммо бо сокинон суҳбат накард. Балки ба хаймаи орододашудае ворид гардид.

"Дар ҳар маҳалла одатан одамоне ҳастанд, ки ҳамеша аз ҳама чиз розианд. Раиси вилоят маҳз ба хаймаи ҳамин гуна одамон ворид гардид. Ин рафтори вай сокинони норозиро ба хашм овард ва сокинон ресмони хаймаро канданд. Дар натиҷа хайма дар болои раиси вилоят чаппа шуд. Раис аз зери хайма берун омаду онҷоро тарк кард. Одамон мошини ӯро таъқиб карданд. Баъди ин ҳазорон сокини хурду бузург роҳи мошингардро бастанд. Бархе аз ронандагон талаби кушодани роҳро карданд, аммо сокинони хашмгин мошинҳоро сангборон намуданд", - гуфт шоҳиди ҳодиса.

Садҳо корманди милиса, гвардияи миллӣ ва мошинҳои сухторнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд.

"Сарбозон мехостанд, бархе аз фаъолонро боздошт кунанд, аммо сокинон муқобилат нишон доданд. Сардори милиса дастур дод, ки касе боздошт нашавад. Одамон зери фишори сарбозони гвардияи миллӣ ва кормандони милиса ба хаймаҳо баргаштанд",-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Яке аз ширкатдорони иқдом сабабҳои эътирози сокинонро шарҳ дод.

"Мақомоти Урганҷ бо ваъдаҳои зиёд бештар аз 400 сокинро розӣ карданд, ки ба тахриби хонаҳояшон иҷозат диҳанд. Баъдан онҳоро ба хайма кӯчониданд. Давоми чанд моҳ аст, ки сокинон дар шароити сахте дар хаймаҳо истиқомат доранд. Қимати маҳсулоти сохтмонӣ ва музди меҳнати меъморон боло рафтааст. Пеш аз тахриби хонаҳо мақомот танҳо 50 дарсади ҷубронпулиро пардохт карданд. Аммо баъди он ки сокинон ба хаймаҳо кӯчиданд, мақомот дигар пардохти ҷубронпулиро қатъ карданд", - гуфт вай.

Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон рӯзи 27 июл ҳамроҳ бо чанд мансабдори дигар ба вилояти Хоразм омад. Сарвазири он кишвар ба сокинон ваъда дод, ки боқимондаи ҷубронпулиро пардохт хоҳанд кард