Мақомоти интизомии Русия тақрибан зиёд аз 1000 тазоҳургарро дастгир карданд, ки мехостанд, дар раҳпаймоии беиҷоза дар шаҳри Маскав ширкат варзанд. "ОВД-инфо", як созмони ғайриҳукуматии Русия шумораи боздоштдшудагонро 1007 нафар номид, аммо дертар Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки ба сурати умум 1074 танро боздошт кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар тазоҳурот 3500 нафар ширкат кард, ки 700 тани онҳо хабарнигорон, наворбардорон ва блоггерҳо буданд.
Бахше аз боздоштҳо ба хотири пешгирӣ аз ҷамъомади издиҳоми зиёд ба вуқуъ пайваста, онҳое боздошт шудаанд, ки мехостанд, ба тазоҳурот бипайванданд. Боздоштҳои дигар дар ҷараёни гирдиҳамоии норозиён сурат гирифт, ки интихоботи одилона ва шаффофро талаб намуданд.
Эътирози мардум аз қарори мақомоти Русия аст, ки ба чанде аз намояндагони мухолифи давлат иҷоза надоданд, дар интихоботи Мосгордума, ё маҷлиси шаҳри Маскав ширкат кунанд. Интихобот моҳи сентябри имсол баргузор мешавад, ҳоло маъракаи пешбарии номзадҳо идома дорад.
Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки номзадҳои мухолифин барои сабти ном дар интихобот ба қадри кофӣ имзо ҷамъ оварда натавонистаанд. Ба гуфтаи мухолифон, ин як баҳонае барои роҳ надодани номзадҳои онҳо ба маҷлиси шаҳрӣ аст. Пеш аз оғози раҳпаймоӣ мақомоти пулиси Маскав 10 нафар аз ҷумла номзадҳо ба вакилӣ Иван Жданов, Иля Яшин ва Дмитрий Гудковро дастгир карданд.
Иван Кулнёв, яке аз довталабоне, ки сабти ном нашуд, рӯзи 27-уми июл ба хабарнигори Настояшее Время гуфт: "Дигар набояд чунин зиндагӣ кард. Агар онҳо ҳоло ба мо иҷоза намедиҳанд, фарзандони мо чӣ гуна зиндагӣ хоҳанд кард. Соли 1905 аҷдодони мо берун омаданд ва ба ҳаққи худ барои гирдиҳамоии осоишта расиданд. Чаро мо наметавонем дар шаҳри худ рӯзи истироҳат берун биёем. Ин чӣ бедодгарӣ аст."
Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлати Русия мардумро ба тазоҳурот даъват карда ва гуфта буд, то замоне номзадҳоро ба интихобот роҳ надиҳанд, онҳо тазоҳуротро бас намекунанд. Худи ӯро рӯзи 24-уми июл барои даъват ба раҳпаймоии ғайриқонунӣ ба 30 рӯзи зиндон маҳкум карданд. Тарафдоронаш бар инанд, ки ҳадаф аз боздошти ӯ ҷилавгирӣ аз баргузории тазоҳурот буд, аммо ҳазорон нафар аз онҳо бидуни Навалний ба майдонҳо рехтанд ва талабҳои худро ба миён гузоштанд.
Бархе аз расонаҳои Русия хабар доданд, ки полиси Маскав тасмим гирифтааст, қисми бештари боздоштшудагонро бидуни таҳияи санаде зидди онҳо раҳо намояд. Баъзе аз боздоштшудагон аз ҷониби полиси зидди шӯриш лауткӯб шудаанд. Мухолифон мегӯянд, ин бархӯрди давлат пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонад ва қарор аст, 3 август намоиши эътирозии густардаи худро баргузор намоянд.