Шоми 26 июл дар фурудгоҳи байналмилалии “Иссиқкӯл”-и Қирғизистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷеенбеков пешвоз гирифт. Дар хабари вебсайти президенти Қирғизистон гуфта мешавад, ки 27 июл қарор аст дар қароргоҳи президент дар шаҳри Чолпонота музокироти дуҷонибаи ҳайатҳои ҳукуматҳои ду кишвар баргузор шавад ва яке аз ин масъалаҳо – баррасии мавзӯи аломатгузори марзи ду кишвар аст.
Сафари Раҳмон ба Қирғизистон дар идомаи дидору мулоқотҳои ӯ бо Ҷеенбеков дар хоки Тоҷикистон рӯзи 26 июл барпо мешавад.
Субҳи ҷумъа ду президент дар мулоқоте, ки онро худи мақомот “таърихӣ” унвон карданд, дар хати марзи Ворух ва Оқсой бо намояндагони сокинони наздимарзӣ гуфтугӯ карданд. Дар ин мулоқот президентони ҳарду кишвар шахсони обрӯманду солхӯрдаи ҳарду ҷонибро даъват карданд, ки сулҳу субот дар минтақаро ҳифз кунанд ва ба хотири роҳ надодан ба низоъҳо, ҳама мушкилотро аз роҳи музокирот баррасиву ҳал кунанд.
Ин мулоқот чор рӯз баъди муноқишаи миёни сокинони наздимарзӣ баргузор шуд, ки дар он як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар аз ҳарду ҷониб маҷрӯҳ шуданд. Ҳалношуда мондани беш аз 400 километр сарҳади байни ду кишвар, ки дар барзе қитъаҳо аз маҳалли зисти сокинони ҳарду кишвар мегузарад, мояи ташвишу нигаронӣ ва ихтилофҳои сокинон мешавад.