Ҳайати намояндагии тиҷории ИМА бо намояндагони Вазорати шуғл ва робитаҳои кории Узбекистон дар робита ба талошҳои ахири Тошканд барои мубориза бо меҳнати иҷборӣ, натиҷаҳои ҳосилшуда ва чораҳои нав табодули афкор намуданд.
Ба огаҳии Вазорати шуғл ва робитаҳои кории Узбекистон, 24-уми июл дар ин мулоқот ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Кристофер Уилсон, муовини ёвари котиби давлатии ИМА Зебо Реязудин, муовини сафири ИМА дар Узбекистон Алан Мелтсер, як масъули намояндагии тиҷории ИМА Майкл О'Донован, ҳамчунин ҳайати Узбекистон бо раҳбарии вазири шуғл ва робитаҳои кории ин кишвар Шерзод Кудбиев иштирок карданд.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ба зарурати афзоиши шумори нозирони меҳнати қонунӣ бо ҳадафи тақвияти мубориза бар зидди меҳнати иҷборӣ таъкид карданд.