Хадамоти оташнишонӣ аз ВКД ба КҲФ мегузарад

Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон дар пайи ислоҳоти сохтории Вазорати корҳои дохилии кишвар метавонад ба тобеияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гузаронида шавад. Дар ин бора Муҳаммадҷон Салимзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ 25-уми июл хабар дод.

Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ба тобеияти ин кумита гузаштани Хадамоти оташнишонӣ соли 2012 содир шуда буд. "Аммо, то ҳол ин амр сурат нагирифт. То ҷое иттилоъ дорам, раванди ислоҳоти сохтории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва табдили он ба пулис соли 2020 ё 2021 анҷом меёбад. Дар сохтори нави ин вазоратхона Хадамоти оташнишонӣ пешбинӣ нашудааст. Ба ин хотир, баъд аз анҷоми ин раванд, Хадамоти оташнишонӣ ба ихтиёри кумитаи мо хоҳад гузашт",-гуфт Салимзода.

Муҳаммадҷон Салимзода ҳамзамон гуфт, ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки чанд сохтори дигари вобаста ба фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба тобеияти ин кумита гузаронида шаванд. Ӯ афзуд, ки аммо феълан номи ин ниҳодҳоро наметавонад эълон кунад.