Ҳукумати Қирғизистон сармоягузории нашрияҳои ноҳиявиро қатъ мекунад

Дар ҳар вилояти Қирғизистон маркази расонаҳо таъсис хоҳад ёфт, ки телевизион ва нашрияҳои маҳаллиро муттаҳид хоҳад кард.

Вазири фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон Азамат Жаманқулов гуфт, ҳукумат тасмим дорад, сармоягузории нашрияҳои ноҳиявиро қатъ кунад. Дар саросари Қирғизистон 34 нашрияи ноҳиявӣ аст.

"Фаъолияти нашрияҳо аз ҳисоби сармояҳои худашон идома меёбад. Дар ҳоли ҳозир солона барои нашрияҳои вилоятиву ноҳиявӣ ҳудуди 1 миллион доллар ҷудо мешавад. Мо тасмим дорем, нашрия ва телевизионҳои вилоятиро дар як марказ муттаҳид созем. Пуле, ки аз ҳисоби расонаҳо сарфа мешавад, ба ин марказҳо дода хоҳад шуд",-афзуд ӯ.

Маркази расонаҳо манбаи дарёфти иттилоъ барои сокинон хоҳад буд.

Ба гуфтаи Жаманқулов, дар мувофиқа бо тамоми вазоратхонаҳо дар ин замина консепсияе таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст.