Қудрат Давлатзода, раиси оҷонсии "Тоҷикстандарт" нашри акси ҳасиб бо пойи муш дар шабакаҳои иҷтимоиро кори дасти гурӯҳи соҳибкороне номид, ки бо ҳадафи пайдо намудани мавқеи монополии худ, аз ин шева кор мегиранд.
Оқои Давлатзода рӯзи 22-юми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ низ чунин ҳолатро мушоҳида кардааст ва аз хабарнигорон хоҳиш намуд, ки қабл аз расонаӣ кардани ин гуна ҳолатҳо ба ниҳоди зери раҳбарияш муроҷиат кунанд.
"Соҳибкороне ҳаст, ки барои мавқеи муайяни монополии худ якдигарашро таҳқир мекунад. Ба филмҳои Русия нигаред, нишон медиҳанд, ки аз ҷиҳати физикӣ то несту нобуд карда овардан мерасонанд",-афзуд вай.
Чанде қабл, нашри акси ҳасиб дар шабакаи "Фейсбук", ки миёни ҳасиб пойи муш намудор буду ба корхонаи ҳасиббарории "Валиҷон" рабт дода мешуд, сарусадоҳои зиёдеро ба миён гузошт. Масъулини "Тоҷикстандарт" мегӯянд, дар пайи ҳангомаҳои зиёд атрофи ин акс, онҳо маълум намудаанд, ки он фотошоп буда, асосе надорад.
Раҳмоншоҳ Давлатзода, сардори Раёсати баҳодиҳии мутобиқати "Тоҷикстандарт" иброз дошт, ки технологияи истеҳсоли ҳасиб чунин иҷозае намедиҳад, ки пойи муш миёни ҳасиб гузарад.
Ӯ гуфт, ба думболи ҳангомаҳои зиёд миёни ҷомеа корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронидаанд. Ин масъули "Тоҷикстандарт" қайд намуд, "ин зарба танҳо ба соҳибкороне набуд, балки зарба ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ буд. Ҳамин буд, ки ҳасиб аз боварии мардум баромад".