Низоми пардохти Western Union дар Русия ҳаҷми интиқоли маблағҳоро ба хориҷ аз ин кишвар маҳдуд кард. Ҳамакнун як шаҳрванд наметавонад, дар моҳ бештар аз 600 ҳазор рубл тавассути ин низом интиқол диҳад.
"Тартиботи нав аз рӯзи 22 июл ҷорӣ шуд. Ин тартибот дар робита ба иҷрои қонунӣ мубориза бо пулшӯӣ ва сармоягузории терроризм рӯи даст гирифта шудааст",- менависанд расонаҳо. Бар асоси маҳдудиятҳои нав, шаҳрвандон имкон надоранд, дар як дафъа бештар аз 5 ҳазор доллар ба хориҷ аз Русия интиқол диҳанд.
Маҳдудиятҳое, ки моҳи апрели соли ҷорӣ барои Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Ветнам дар ҳаҷми 100 ҳазор рубл дар моҳ ҷорӣ шуда буд, бидуни тағйир боқӣ мондааст. Ба ин тартиб, Бонки марказии Русия талош дорад, ки зидди иқтисоди соягӣ, аз ҷумла соҳибкории бидуни марз мубориза барад.
Ин маҳдудиятҳо эҳтимол дорад, ки ба муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ дахл накунанд. Зеро, ҳаҷми маблағҳои интиқолии онҳо камтар аз маҳдудиятҳои Western Union аст.
Western Union 30 сентябри соли 2018 иттилоъ дода буд, ки ба бештар аз 200 кишвари дунё метавонад, амалиёти интиқолӣ анҷом диҳад.