Дар Украина порлумони нав интихоб мекунанд

Интихобот соати 8 субҳ оғоз ёфт ва то 8 шом давом мекунад.

Дар Украина интихоботи порлумонӣ идома дорад, ки метавонад, нишондиҳандаи сатҳи обрӯву эътибори раиси ҷумҳури нав Володимир Зеленский бошад. Ӯ ду моҳ пеш дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз шуд ва порлумонро пароканда кард.

Мушкилоти мудавоми иқтисодӣ, ришвахории густурда ва ҷанг бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина, мардумро аз сиёсатмадорони пешина дилсард кард, ки Володимир Зеленскийи ҳунарпеша ва дур аз сиёсатро раиси ҷумҳур баргузинанд. Ҳоло суол ин аст, ки оё ҳизби тозатаъсиси ӯ бо номи Хидматгори Халқ дар интихоботи рӯзи 21-уми июл ба қадри кофӣ раъй ба даст меорад, ки дар порлумон аксарияти курсиҳоро соҳиб шавад ва дар ислоҳот дар Украина ба раиси ҷумҳур кӯмак кунад.

Як назарсанҷие, ки рӯзи 9-уми июл нашр шуд, нишон додааст, ки 67 дар сади мардуми Украина аз кори раиси ҷумҳури навашон қаноатманд ҳастанд. Натиҷаҳои пешакии интихобот субҳи 22-уми июл эълон мешавад. Вазорати умури дохилии Украина гуфт, ки то соати 11 ба вақти Киев дар бораи қонуншиканӣ дар интихобот 382 гузориш гирифтааст.