Таркиш дар Кобул 6 нафарро кушт

Маҳалли таркиш дар рӯзи 19-уми июл.

Вазорати тандурустии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи таркиш дар назди дарвозаи Донишгоҳи Кобул 6 нафар кушта шудаанд ва 10 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. То кунун касе маъсулияти ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст ва маълум нест, ҳамла маргталабона аст ва таркиши бомбе, ки аз дур ба кор андохта шудааст.

Фирдавс Фаромарз сухангӯи идораи пулиси Кобул гуфт, баъди таркиш дар рӯзи 19-уми июл ду мошин оташ гирифтааст. Ӯ афзуд, маъмурони пулис як бомби дигари нотаркида дар наздикии маҳалли таркишро хунсо кардаанд. Таркиш дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки донишҷӯён дар берун мунтазири супурдани имтиҳон буданд. Аз ин пештар ҷангҷӯёни Толиб бо тарконидани ду мошин дар назди идораи пулиси шаҳри Қандаҳор 12 нафарро куштанд ва 90 нафари дигарро захмӣ карданд.