Боздоштҳои нав барои тазоҳурот дар Гурҷистон

Тазоҳурот моҳи июн сурат гирифт.

Мақомоти Гурҷистон чанд нафари дигарро бо иттиҳоми зӯроварӣ ва бетартибӣ дар ҷараёни тазоҳуроти моҳи гузашта дастгир кардаанд. Рӯзҳои 20-ум ва 21-уми июн гурӯҳи азиме аз тазоҳургарон хостанд, ба бинои порлумон ворид шаванд. Баъд аз ин кор маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурданд.

Айни замон додситонҳои Гурҷистон дар идомаи таҳқиқи истифодаи нерӯи беш аз ҳад ба зидди тазоҳургарон Гиорги Гахария, вазири умури дохилии Гурҷистонро рӯзи 18-уми июл бозпурсӣ кардаанд. Баъди берун омадан аз идораи додситонӣ ӯ, ҷузъиёти бозпурсиро ошкор накард, вале гуфт, ”суолҳои зиёде буд” ва ӯ ҳар вақт, ки додситонҳо хостанд, барои посух додан ҳозир мешавад. То кунун ду маъмури пулиси Гурҷистонро барои фаротар рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ дастгир кардаанд.