Дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 16 июл даҳҳо модари серфарзанд ва норозӣ аз барномаи давлатии таъмини манзил пушти дари раиси ноҳияи Алатауи шаҳри Алмато ҷамъ шуданд. Онҳо талаб карданд, ки раиси ноҳия барои ҳалли мушкили манзил ва пардохтҳои иҷтимоӣ наздашон барояд.
Занҳо гуфтанд, барои дарёфти манзил тибқи барномаи давлатӣ, ба бонк маблағ гузарондаанд, аммо давоми чанд моҳ аст, ки наметавонанд манзилҳоро соҳиб шаванд.
Шоҳимардон Риспаев, раиси ноҳияи Алатауи шаҳри Алмато ба занҳо ваъда дод, ки давоми чанд рӯзи оянда кумаки иҷтимоии суроғавӣ ба ниёзмандон пардохта мешавад. Вай гуфт, дар ноҳияи Алатау ҳудуди 2 600 сокин кумаки иҷтимоии суроғавӣ дарёфт мекунанд.
Раиси ноҳия занони ҷамъшударо барои гуфтугӯи ҷузъиёти талабҳояшон ба дохили бинои ҳукумати ноҳия даъват кард. Муҳофизон ба хабарнигорон иҷозаи вуруд надоданд.
Эътирози модарони серфарзанд дар Қазоқистон аз моҳи феврали соли равон, пас аз ҳалокати панҷ хоҳар дар сӯхтори кулбаи муваққатие идома дорад. Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар пасманзари эътирозҳои аввал ҳукуматро ба истеъфо фиристода буд. Вале эътирозгарон мегӯянд, бо вуҷуд мушкили онҳо ҳал нашудааст.
Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 15 июл гуфт, ин масъала бояд таҳти назорати ҳамешагии ҳукумати Қазоқистон бошад.
"Бархе аз ашхоси муайян талаби аз ҳад зиёди манзили зистро доранд. Вале ин мушкил ҳалли худро намеёбад. Мо онро чи гуна ҳал мекунем, ҳамааш аз ҳукумат вобастагӣ дорад",-афзуд ӯ.
Изҳороти Тоқаев дар пайи эътирози модарони серфарзанд ва кӯдакони маъюбе ҳаст, ки чанд рӯз мешавад, дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон бо талаби манзили зист ба кӯчаҳо мебароянд.
Яке аз чунин эътирозҳо 12 июли соли равон дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд. Занони ҷамъшуда хостанд, ба бинои маъмурияти президенти Қазоқистон ворид шаванд, вале ба онҳо иҷозат надоданд.