Юсуф Раҳмон латукӯби маҳбусонро ҳангоми интиқол ба Душанбе рад кард

Юсуф Раҳмон, Додситони куллии Тоҷикистон.

Додситонии кулли Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди латукӯб шудани 14 маҳбусеро, ки ҳангоми интиқол аз Хуҷанд ба Душанбе ҷон бохтанд, радд кард. Шуморе аз наздикони ин афрод, қаблан ба расонаҳо гуфта буданд, ки дар бадани пайвандони худ осори латукӯбро мушоҳида карданд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарии худ, латукӯб шудани ин маҳбусонро радд кард ва гуфт, ки эҳтимоли заҳролудшавӣ аз нон (хлеб) имкон дорад ва ҳоло чигуна заҳролуд шудани ин зиндониёнро гурӯҳи вижаи додситонии ҳарбӣ таҳқиқ дорад.

Вай ҳамзамон гуфт, ки ин 14 нафар дар ошӯби Ваҳдат даст надоштанд ва интиқоли онҳо аз Суғд ба Душанбе тибқи нақша сурат гирифта буд. Додситони кулли Тоҷикистон дар робита ба ду маҳбусе, ки ҳангоми интиқол заҳролуд шуда ва зинда монданд, гуфт, ки ҳоло вазъи саломатии онҳо хуб аст ва аз ташхисҳо гузаштаанд.

Ҳодисаи марги гурӯҳии 14 зиндонӣ дар таърихи 7-уми июл иттифоқ афтод. Дар шарҳи расмии мақомоти низоми зиндонҳои Тоҷикистон дар бораи марги зиндониҳо гуфта шуд, ки ин афрод дар роҳ аз зиндонҳои Хуҷанду Истаравшан ба Душанбе аз истеъмоли нон (хлеб)-и "заҳролудшуда" ба ҳалокат расиданд.

Шарҳи расмии мақомот назар ба ҷавоб, саволҳои зиёде эҷод кард. Наздикони ҳадди ақал се маҳбус дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки бовар надоранд фарзанд ва хешонашон аз заҳролудшавӣ ба ҳалокат расидаанд.

Ҳодисаи мазкур ду моҳ баъди ошӯби пурқурбонии зиндони Ваҳдат ва ҳашт моҳ баъди ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд рух дод, ки дар ин ду ҳодиса беш аз 50 нафар ҷон доданд ва мақомот масъулияти ин ҳодисаҳоро ба дӯши маҳкумшудаҳо барои ифротгароӣ вогузор карданд. Ҳанӯз ба ин ду ҳодиса низ баҳои ниҳоии ҳуқуқии додгоҳӣ дода нашудааст ва ҳамчунин гурӯҳ ё созмонҳои мустақил имкони таҳқиқи бетараф ва мустақили ин ҳодисаҳоро надоранд.

Юсуф Раҳмон дар нишасти хабари рӯзи сешанбе гуфт, ки тафтиши ошӯби Ваҳдат дар арафаи анҷомёбист. Вай афзуд, ки нисбати як гурӯҳи маҳбусони ин зиндон ҳам парванда боз шудааст.