Демократҳои ИМА Трампро ба нажодпарастӣ айбдор карданд

Илҳон Умар, вакили Маҷлиси Намояндагони Амрико аз Ҳизби демократ.

Демократҳои Иёлоти Муттаҳида президент Доналд Трампро барои шарҳи манфияш нисбат ба чандин зани узви Палатаи намояндагони ин кишвар танқид карданд.

Трамп гуфт, бонувон бояд ба ҷои танқиди маъмурияти президенти Амрико ба ҷорӣ кардани тартибот дар кишварҳое мусоидат кунанд, ки дар онҷо зода шудаанд.

Президенти Амрикоро ҳамчунин ба нажодпарастӣ айбдор мекунанд. Зеро дар миёни раҳбарони ҷиноҳи ба истилоҳ, тараққипарвари Ҳизби демократи ИМА намояндагони ақалиятҳои нажодӣ ва динӣ ба монанди Александрия Окасио-Кортес, Рашида Тлаиб ва Илҳоон Умар ҳастанд. Вале Трамп аз касе мушахассан ном нагирифтааст.

"Назорати занҳои тараққипарвари демократ -- узви Конгресс, ки худ аз кишварҳои фасодзадатарини ҷаҳон омада, барои мардуми ИМА -- нерӯмандтарин ва бузургтарин кишвари дунё чи кор кардани ҳукуматро нишон медиҳанд, ҷолиб аст",-навиштааст Трамп дар Твиттер. Ӯ аз ин занҳо хостааст, ба ҷои танқиди маъмурияти ИМА ба ҷорӣ кардани низому тартибот дар кишварҳои худ кумак кунанд.

Раиси Палатаи намояндагони ИМА Нэнсӣ Пелосӣ Трампро ба он айбдор кард, ки гӯё мехоҳад боз Амрикоро "сафед" кунад. Номзадҳои демократ ба мақоми президентӣ, аз ҷумла Ҷо Байден ва Берни Сандерс Трампро ба нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ айбдор карданд.